+ All Categories
Home > Documents > ПАЁМИ АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ ТОЉИКИСТОН20Akademii/%D0... ·...

ПАЁМИ АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ ТОЉИКИСТОН20Akademii/%D0... ·...

Date post: 19-Jun-2020
Category:
Upload: others
View: 4 times
Download: 0 times
Share this document with a friend
22
1 МУНОСИБАТИ БОСАЛОЊИЯТ ДАР ТАЪЛИМ 4(25)- 2017 ISSN 2222-9809 ПАЁМИ АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ ТОЉИКИСТОН А К А Д Е М И Я И Т А Њ С И Л О Т И Т О Љ И К И С Т О Н ВЕСТНИК АКАДЕМИИ ОБРАЗОВАНИЯ ТАДЖИКИСТАНА № 4, (25) 2017
Transcript
Page 1: ПАЁМИ АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ ТОЉИКИСТОН20Akademii/%D0... · МУНОСИБАТИ БОСАЛОЊИЯТ ДАР ТАЪЛИМ 4(25)- 2017 1 issn 2222-9809

1 МУНОСИБАТИ БОСАЛОЊИЯТ ДАР ТАЪЛИМ 4(25)- 2017

ISSN 2222-9809

ПАЁМИ АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ

ТОЉИКИСТОН

АК

АД

ЕМ

И

ЯИТАЊСИЛОТИ ТОЉИ

КИ

СТ

ОН

ВЕСТНИК АКАДЕМИИ ОБРАЗОВАНИЯ

ТАДЖИКИСТАНА

№ 4, (25) 2017

Page 2: ПАЁМИ АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ ТОЉИКИСТОН20Akademii/%D0... · МУНОСИБАТИ БОСАЛОЊИЯТ ДАР ТАЪЛИМ 4(25)- 2017 1 issn 2222-9809

2 ПАЁМИ АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ ТОЉИКИСТОН

ПАЁМИ АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ ТОЉИКИСТОН

Маљаллаи илмї, маърифатї ва таълимию методї №4 (25), 2017

АК

АД

ЕМ

И

ЯИТАЊСИЛОТИ ТОЉИ

КИ

СТ

ОН

САРМУЊАРРИР: БОБИЗОДА Ѓ. М. – узви вобастаи Академияи тањсилоти Тољикистон, доктори

илмњои биологї ва фармасевтї, профессор, президенти Академияи тањсилоти Тољикистон

МУОВИНИ САРМУЊАРРИР : АМИНОВ С. – узви вобастаи Академияи тањсилоти Тољикистон, номзади илмњои

педагогї, саркотиби илмии Академияи тањсилоти Тољикистон

ЊАЙАТИ ТАЊРИРИЯ: ЛУТФУЛЛОЗОДА М. – академики Академияи тањсилоти Тољикистон, доктори илмњои

педагогї, профессор КАРИМОВА И. Х. – академики Академияи тањсилоти Тољикистон, доктори илмњои

педагогї, профессор ЗУБАЙДОВ У. З. – академики Академияи тањсилоти Тољикистон, доктори илмњои

педагогї, профессор ШАРИФЗОДА Ф. – академики Академияи тањсилоти Тољикистон, доктори илмњои

педагогї, профессор ЌОДИРОВ Ќ. Б. – академики Академияи тањсилоти Тољикистон, доктори илмњои

педагогї, профессор НУЪМОНОВ М. – узви вобастаи Академияи тањсилоти Тољикистон, доктори илмњои

педагогї, профессор ШЕРБОЕВ С. – узви вобастаи Академияи тањсилоти Тољикистон,доктори илмњои

педагогї, профессор НЕЪМАТОВ С. – доктори илмњои педагогї, профессор ГУЛМАДОВ Ф. – доктори илмњои педагогї АМОНЇ С. – (котиби масъул) мудири шуъбаи фанњои филологї ва забони давлатии

Пажўњишгоњи рушди маориф ба номи А. Љомии АТТ,

ЊАЙАТИ МУШОВАРА: САИД Н.С. – вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон. РАЊИМЇ Ф. Ќ. – президенти Академияи илмњои Тољикистон. МИРБОБОЕВ Р. М. – муовини вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон. ЗИЁЇ Х. М. – директори Пажўњишгоњи рушди маориф ба номи Абдурањмони ЉомииАТТ ЌУРБОНЗОДА Х. – ректори Донишкадаи љумњуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии

кормандони соњаи маориф.

Маљалла ба забонњои тољикї, русї ва англисї нашр мешавад. Журнал печатается на таджикском, русском и английском языках.

This magazine has published on Tajik, Russian and English languages.

Маљалла тањти №0004 /мљ 20 сентябри соли 2007 дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон сабти ном шудааст. Аз октябри соли 2009 нашр мешавад. Соле 4 шумора

чоп мегардад.

Муассис: Академияи тањсилоти Тољикистон Суроѓа: 734024 , ш. Душанбе, кўчаи Айнї, 45 Академияи тањсилоти Тољикистон тел: +992 37 227 46 66, +992 37 227 59 61; E-mail: [email protected], сомона www.aot.tj

ISSN 2222-9809 Индекси обуна: 77727

Page 3: ПАЁМИ АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ ТОЉИКИСТОН20Akademii/%D0... · МУНОСИБАТИ БОСАЛОЊИЯТ ДАР ТАЪЛИМ 4(25)- 2017 1 issn 2222-9809

3 МУНОСИБАТИ БОСАЛОЊИЯТ ДАР ТАЪЛИМ 4(25)- 2017

М У Н Д А Р И Љ А

МУНОСИБАТИ БОСАЛОЊИЯТ ДАР ТАЪЛИМ

БОБИЗОДА Ѓ. М., СОБИРОВ Њ. М Сохти фазоии молекули моддањои органикї ва ѓайриорганикї...................

АМОНЇ С., БАЙЗОЕВ А., ХОЛОВ А. Илмат ба амал чу ёр гардад… ......................................................................

САИДИБРОИМОВА С. Равобити педагогї ва муносибати босалоњият………………………………

МАСЪАЛАЊОИ УМУМИНАЗАРИЯВИИ ПЕДАГОГИКА

НЕЪМАТОВ С. Э. Забони русї дар муњити бисёрзабонї ва гуногунфарњангии муосир ……….

МУРОДОВА З. Ташаккули малакаи грамматикї бо такя ба забони модарї (тољикї)……

МЕТОДИКА ВА ТАЌРИЗ

ШЕРБОЕВ С. Таълими мавзўъњои «Сифати феълї» ва «Феъли њол» ниёз ба таљдиди назар дорад ..……………………………………………………………………

АМИНОВ С. Сангпушт дар адабиёт образи мусбат аст ё манфї? ..................................

СУЛТАНОВА Р. Р. Методикаи хониши забони русї дар муассисањои таълимашон ба забони тољикї……………………………………………………………………………

ФАНЊОИ ТАБИЇ – РИЁЗЇ ВА ЭКОЛОГИЯ

УБАЙДОВ М. География – фанни маљмўист ………………………………………………..

ДОВУДОВ А. М. Њисоббарорињо аз рўйи формулањои химиявї …………………………………

ЗУЛФОНОВ Б. Њалли мушкилоти экологї – талаботи замон…………………………………

АДАБИЁТШИНОСЇ

АМОНОВА М.Н. Хусусиятњои услубии љонишинњо дар «Сафарнома»-и Носири Хусрав..

САТТОРОВА Њ. Х. Истилоњот аз нигоњи олимони тољик ва рус…………………………………

ХОНАВОДА ВА ТАРБИЯ МИРЗОЕВ А. Пешгирии одатњои номатлуби наврасон – вазифаи муњимми оила, мактаб ва љомеа.......................................................................................................

Сањ.

7 – 12

13 – 19

19– 22

23– 27

27– 32

33– 52

52 – 55

55 – 60

61 – 63

64 – 68

69– 74 75 - 77

78 – 80 81 – 83

Page 4: ПАЁМИ АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ ТОЉИКИСТОН20Akademii/%D0... · МУНОСИБАТИ БОСАЛОЊИЯТ ДАР ТАЪЛИМ 4(25)- 2017 1 issn 2222-9809

4 ПАЁМИ АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ ТОЉИКИСТОН

МАЊКАМОВ Д., АБДУЛЛОЕВА С. Љ. Нигоњи Љомї ба тарбия ва ахлоќ .................................................................

ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОДГАРОЇ

ФАЙЗАЛИЕВ Б.А., ШОКИРИЁН М. Терроризм сарњад надорад ..............................................................................

ИННОВАТСИЯ

НОРОВА З. И. Корбурди технологияи педагогї дар фаъолияти марказњои инкишофи кўдакон…………………………………………………………………………...

СУЛТОНМАМАДОВА Ш. Истифодаи технологияи иттилоотию иртиботї – омили муњимми тањсилот………………………………………………………………………….

Ба таваљљуњи муаллифон ..............................................................................

83 – 86

87– 90 91– 96

97- 100

101

Page 5: ПАЁМИ АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ ТОЉИКИСТОН20Akademii/%D0... · МУНОСИБАТИ БОСАЛОЊИЯТ ДАР ТАЪЛИМ 4(25)- 2017 1 issn 2222-9809

5 МУНОСИБАТИ БОСАЛОЊИЯТ ДАР ТАЪЛИМ 4(25)- 2017

С О Д Е Р Ж А Н И Е

КОМПЕТЕНТНОСТНОЕ ОБРАЗОВАНИЕ

БОБИЗОДА Г. М., СОБИРОВ Х. М Пространственное строение молекул органических и неорганических соединений .......................................................................................................

АМОНИ С., БАЙЗОЕВ А., ХОЛОВ А. Наука ценится на практике ……………………………………………………

САИДИБРОИМОВА С. Педагогическая коммуникация и компетентностное образование ……...

ОБЩЕТЕОРЕТИЧЕСКИЕ ПРОБЛЕМЫ ПЕДАГОГИКИ

НЕГМАТОВ С. Э. Русский язык в современной поликультурной и полилингвальной среде……..

МУРОДОВА З. Формирование грамматических навыков с опорой на родной (таджикский) язык………………………………………………………………

МЕТОДИКА И ОТЗЫВ

ШЕРБОЕВ С. Изучение темы «Причастие» и «Деепричастие» требует обновления…….

АМИНОВ С. Образ черепахи в литературе: положительный или отрицательный? …..

СУЛТАНОВА Р. Методика чтению по русскому языку в школах с таджикским языком обучения …………………………………………………………………………...

ЕСТЕСТВЕННО – МАТЕМАТИЧЕСКИЕ ПРЕДМЕТЫ И ЭКОЛОГИЯ

УБАЙДОВ М. География – комплексный предмет……………………….…………………….

ДОВУДОВ А. М. Решение задач по химическим формулам………………………………………

ЗУЛФОНОВ Б. Решение экологической проблемы – требование времени …………………….

ЛИТЕРАТУРАВЕДЕНИЕ

АМОНОВА М.Н. Стилистические особенности местоимений в «Сафарнаме» Носира Хусрава

САТТОРОВА Х. Х. Взгляды таджикских и русских учёных на терминологию …………………..

СЕМЬЯ И ВОСПИТАНИЕ

МИРЗОЕВ А. Профилактика правонарушений среди несовершеннолетних -– важная задача, семьи, школы и общества .................................................................

Стр.

7 – 12

13 – 19

19– 22

23– 27

27– 32

33– 52

52 – 55

55 – 60

61– 63

64– 68

69 – 74

75- 77

78 – 80

81 – 83

Page 6: ПАЁМИ АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ ТОЉИКИСТОН20Akademii/%D0... · МУНОСИБАТИ БОСАЛОЊИЯТ ДАР ТАЪЛИМ 4(25)- 2017 1 issn 2222-9809

6 ПАЁМИ АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ ТОЉИКИСТОН

МАЊКАМОВ Д., АБДУЛЛОЕВА С. Љ. Морально воспитательные взгляды Джами ……………………………….

ТЕРРОРИЗМ И ЭКСТРЕМИЗМ

ФАЙЗАЛИЕВ Б. А., ШОКИРИЁН М. Терроризм не имеет границ.............................................................................

ИННОВАЦИЯ

НОРОВА З. И. Педагогическая технология деятельности центров развития ребёнка ….

СУЛТОНМАМАДОВА Ш. Использование информационно-коммуникационной техологии – фактор успешной успеваемости………………………………………………………..

К сведению авторов …………………………………………………………...

83 – 86

87 – 90

91– 96

97- 100

101

Page 7: ПАЁМИ АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ ТОЉИКИСТОН20Akademii/%D0... · МУНОСИБАТИ БОСАЛОЊИЯТ ДАР ТАЪЛИМ 4(25)- 2017 1 issn 2222-9809

7 МУНОСИБАТИ БОСАЛОЊИЯТ ДАР ТАЪЛИМ 4(25)- 2017

МУНОСИБАТИ БОСАЛОЊИЯТ ДАР ТАЪЛИМ

СОХТИ ФАЗОИИ МОЛЕКУЛАИ МОДДАЊОИ ОРГАНИКЇ ВА ЃАЙРИОРГАНИКЇ

БОБИЗОДА Ѓ. М. – узви вобастаи АТТ, доктори илмњои биологї ва фармасевтї, профессор, президенти Академияи тањсилоти Тољикистон, ш. Душанбе, кўчаи Айни 45. E-mail: bobievgm @mail.ru, тел.: (992)907 57 70 25

СОБИРОВ Њ. М. – омўзгори фанни химияи литсей - интернати президентї барои кўдакони болаёќати ЉТ, ш. Душанбе, к. Шерализода 17 А, тел.: (992) 93 500 77 91

Дар маќола аз тарафи муаллифон сохти фазоии молекулаи моддањои органикї ва ѓайриорганикї барои тасвири хусусияти пайвастагињои химиявї дарљ гардида, як соат дарс оид ба мавзўъи мазкур тибќи муносибати босалоњият дар таълим барои омўзгорон пешкаш гардидааст.

Вожањои калидї: тањсилот, химия, атомњо, органикї, ѓайриорганикї, раванди педагогї, пайвастагињо.

ПРОСТРАНСТВЕННОЕ СТРОЕНИЕ МОЛЕКУЛ ОРГАНИЧЕСКИХ И

НЕОРГАНИЧЕСКИХ СОЕДИНЕНИЙ

БОБИЗОДА Г. М. – член-корреспондент АОТ, доктор биологических и фармацевтических наук, профессор, президент Академии образования Таджикистана, г. Душанбе, ул. Айни 45. E-mail: bobievgm @mail.ru, тел.: (992)907 57 70 25

СОБИРОВ Њ. М. – учитель химии президентского лицея - интерната для одаренных детей РТ, г. Душанбе, ул Шерализода 17 А, тел.: (992) 93 500 77 91

В данной статье авторы указывают, что пространственное строение молекул органических и неорганических веществ имеют большое значение при описании их химических свойств и предлагают план конспект компетентностного урока по данной теме для учителей общеобразовательных учреждений.

Кючевые слова: образование, компетенция, химия, атомы, органический, неорганический, педагогический процесс, соединений.

SPATIAL STRUCTURE OF MOLECULES OF ORGANIC

AND INORGANIC COMPOUNDS

BOBIZODA G.M, – corresponding member of AOT, Doctor of biological and pharmaceutical sciences, professor, president of the Academy of Education of Tajikistan, Dushanbe, Aini str. 45, E-mail: bobievgm @mail.ru, mob .: (992)907 57 70 25

SOBIROV KH. M. – teacher of chemistry of the presidential boarding school for gifted children of the Republic of Tajikistan, Dushanbe, Sheralizoda str.17 A, mob .: (992) 93 500 77 91

The spatial structure of molecules of inorganic and organic substances has great importance in describing their chemical properties, which the authors indicated in the article. If you consider the substance as a set of letters and numbers on paper, you can not always come to the right conclusions. It is necessary to know the stereometric structure of the molecule to describe many phenomens, especially associated with organic chemistry.

Keywords: education, competency, chemistry, atoms, organic, inorganic, pedagogical process, compounds.

Page 8: ПАЁМИ АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ ТОЉИКИСТОН20Akademii/%D0... · МУНОСИБАТИ БОСАЛОЊИЯТ ДАР ТАЪЛИМ 4(25)- 2017 1 issn 2222-9809

8 ПАЁМИ АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ ТОЉИКИСТОН

Барнома: Дар ин дарс хонандагон дар бораи дар фазо нисбат ба якдигар љойгиршавии атомњо дар молекул, сохти химиявї ва электронии карбоњидрогенњо, њосилшавии сохти тетраэдрї, тригоналї ва диагоналї дар мисоли карбоњидрогенњои њаднок, этиленї ва атсетиленї, сигма (σ)- ва пи (π) - бандњо, сохти фазоии молекули аммиак ва об маълумот мегиранд.

Салоњиятњо: Хонандагон бояд соњиби салоњиятњои зерин бошанд: - доштани маълумот дар бораи вобастагии њолати агрегатии моддањо ба шароит

(фишор ва њарорат); - донистани тартиби нисбат ба якдигар љойгиршавии заррањои модда дар њолати

газї, моеъ ва сахт; - доштани маълумот оид ба панљараи кристаллї, гирењњои панљараи кристаллї

ва навъњои панљараи кристаллї (атомї, молекул, ионї ва металлї); - донистани вобастагии хосиятњои моддањои сода ва мураккаб аз навъи банди

химиявї ва панљараи кристаллї. Маќсади дарс: Дар бораи сохти фазои молекули моддањои органикї ва

ѓайриоорганикї маълумот њосил намудан. Таљњизоти зарурї: Наќшаву овезањо оид ба сохти химиявї ва электронии карбоњидрогенњо. Њосилшавии сохти тетраэдрї, тригоналї ва диагоналї дар мисоли

карбоњидрогенњои њаднок, этиленї ва атсетиленї. Равиши дарс Риояи одоби салом, бањисобгирии давомот. Усули ангезаи зењн. Омўзгор ба воситаи ин усул бо истифода аз саволњои зерин

фикру андешањои хонандагонро шунида, дар тахтаи синф менависад. Хонандагонро ба се гурўњ таќсим мекунад. Барои ба саволњо љавоб гардонидан ба хонандагон 1 ё 2 даќиќа ваќт медињад:

- мафњумњои фазо ва сохти фазоиро шарњ дињед? - тетраэдр, диагонал ва тригонал чї гуна сохт мебошанд? - панљараи кристаллї чист ва он дар кадом навъи моддањо дида мешавад? - вобастагии хосияти моддањоро аз тартиби љойгиршавии атомњо дар молекул

шарњ дињед? Омўзиши маводи нав. 1. Донишњои аз дарси пешина бадастовардаи хонандагонро ба хотирашон оред

ва барои омўзиши маводи нав замина омода кунед. Аз расму тасвирњои дастрас истифода баред. Хонандагонро бо сохти фазоии молекули моддањои органикї ва ноорганикї шинос намоед.

2. Баъд аз он омўзгор дар тахтаи синф сохти фазоии молекулњои моддањои органикї ва ѓайриоорганикиро нишон дода, вобастагии сохти молекулро аз тартиби љойгиршавии атомњо дар он нишон медињад.

Барои омўзиши маводи нав њамчун маълумотнома барои омўзгор маводи зерин пешнињод мегардад:

Атомњо дар молекул бо низоми муайян љойгир мешаванд. Шакли фазоии молекул ба таъсири мутаќобили атомњояш вобаста аст. Таъсири мутаќобили атомњои молекулро мо метавонем дар асоси пўшидашавии абрњои электронии атомњо шарњ дињем. Њамин тавр, шакли фазоии молекулро бо самтњои бандњои ковалентї, ки дар натиљаи пўшидашавии абрњои электронї њосил мешаванд, вобаста кардан мумкин аст. Вале бояд ќайд кард, ки шакл ва љойгиршавии байнињамдигарии абрњои электронии атомњо дар молекул нисбат ба шакл ва љойгиршавии байнињамдигарии абрњои электронии атомњои озод фарќ мекунанд. Таѓйирёбии шакл ва љойгиршавии байнињамдигарии абрњои электронии атомро дар асоси тасаввурот дар бораи њибридшавии абрњои электронї шарњ додан мумкин аст.

Мазмуни њибридшавии абрњои электронї дар он аст, ки њангоми њосил шудани молекул ба љои s-, p- ва d- абрњои электронї дар натиљаи омехташавии абрњои

Page 9: ПАЁМИ АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ ТОЉИКИСТОН20Akademii/%D0... · МУНОСИБАТИ БОСАЛОЊИЯТ ДАР ТАЪЛИМ 4(25)- 2017 1 issn 2222-9809

9 МУНОСИБАТИ БОСАЛОЊИЯТ ДАР ТАЪЛИМ 4(25)- 2017

электронии мувофиќ абрњои электронии нав ба вуљуд меоянд. Ин абрњои электрониро абрњои электронии њибридї меноманд ва онњо ба самтњои љойгиршавии атомњои њамсоя равона шудаанд. Дар натиља пўшидашавии абрњои электронии атом бо атомњои њамсоя хеле зиёдтар мешавад. Албатта њибридшавии абрњои электронї энержии бештарро талаб мекунад. Вале пўшидашавии бештари абрњои электронии валентї сабаби устувории бештари бандњои ковалентї мешавад, ки дар натиљаи он бурди энержї њосил мешавад. Агар ин бурди энержї аз энержии деформатсияи абрњои электронї бештар бошад, пас њибридшавии абрњои электронї сабаби камшавии энержии потенсиалии молекули њосилшуда мегардад. Яъне, чунин молекул хеле устувор мешавад.

Ба сифати мисол њосилшавии молекули фториди бериллийро баррасї мекунем. Љойгиршавии электронњо дар атоми бериллий чунин аст:

1s2 2s2 2p0

+4Ве

Дар ин љо аён аст, ки атоми бериллий дар њолати асосї электронњои тоќ надорад.

Барои он, ки атоми бериллий дар њосилкунии банди химиявї иштирок намояд, вай бояд ангехта шавад. Дар натиља яке аз электронњо аз s-ќишри ќабати дуюми электронї ба р-ќишр мегузарад. Он гоњ конфигуратсияи электронии бериллий чунин мешавад:

1s2 2s2 2p0 1s2 2s2 2p1 +4Ве +4Ве

Њамин тавр, атоми бериллий пас аз ангезиш ду электрони тоќ пайдо мекунад, ки яке аз онњо 2s- ва дигараш 2р-электрон мебошад. Бо пўшидашавии ин ду абри электронї бо р-абрњои электронии атоми F ду банди нобаробар ќувваи ковалентї њосил шуда метавонист. Вале чуноне, ки дар боло ќайд кардем, бо сарфи як миќдор энержї ба љои s-ва р-абрњои электронии атоми бериллий ду абри баробарќувваи электронии њибридї њосил мешавад, ки онњоро sp-абрњои электронї меноманд. Пўшидашавии sp-абрњои электронии њибридии бериллий бо р-абрњои электронии атоми фтор дар расми 11 нишон дода шудааст.

Дар ин раcм аён аст, ки sp-абрњоињи бридї аз рўйи як хат ба самтњои муќобил кашида шудаанд.

Расми 11. Пўшидашавии абрњои электронии њибридии берилий бо абрњои

электронии атомњои фтор ва њосишавии молекули хаттии фториди бериллий BeF2 Азбаски sp-абрњои электронии њибридї шакли дарозрўя доранд, пўшидашавии

онњо бо р-абрњои электронии атомњои фтор фарогиртар мешавад. Бинобар ин, бандњои химиявии њосилшуда хеле мустањкаманд. Энержие, ки њангоми њосилшавии бандњо хориљ мешавад, аз энержии умумие, ки барои ангезонидани бериллий ва њосил кардани абрњои электронии њибридї сарф шудааст, зиёдтар мебошад. Бинобар ин, њосилшавии молекули BeF2 аз назари энержї муфидтар аст.

Њибридшавии якто s- ва якто р-абри электронї, ки дар натиљаи он дуто sp- абрњои электронї њосил мешавад, sp-њибридшавї ном дорад. Дар расми 11 аён аст, ки sp-абрњои электронї ба самтњои муќобил равонаанд. Бинобар ин, молекули BeF2 шакли хаттї дорад. Яъне, маркази атомњо дар ин молекул дар як хат хобидаанд. Шаклњои дигари њибридшавии абрњои электронї низ имконпазиранд. Вале дар њама њолатњо миќдори абрњои њибридии њосилшуда ба миќдори абрњои электронии дар њибридшавї иштироккунанда баробар аст. Њамин тавр, њангоми њибридшавии якто s-

Page 10: ПАЁМИ АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ ТОЉИКИСТОН20Akademii/%D0... · МУНОСИБАТИ БОСАЛОЊИЯТ ДАР ТАЪЛИМ 4(25)- 2017 1 issn 2222-9809

10 ПАЁМИ АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ ТОЉИКИСТОН

абри электронї бо дуто р-абри электронї сето sp2-абри электронии њибридии баробарќувва њосил мешавад (sp2 ин тавр хонда мешавад: эс пэ ду). Ин гуна њибридшавиро sp2-њибридшавї меноманд. Дар ин њолат абрњои электронии њибридї дар самтњое ќарор мегиранд, ки дар як њамворї, тањти кунљи 120° хобидаанд. Ба сифати молекуле, ки сохташро ба воситаи sp2-њибридшавї шарњ медињанд, молекули хлориди борро ВСl3 овардан мумкин аст.

Љойгиршавии электронњо дар ќабатњои электронии атоми бор дар њолати асосї чунин аст:

1s2 2s2 2p1

+5В

Њангоми ангехта шудани атоми бор яке аз электронњо аз s-ќишри ќабати дуюми

электронї ба р-ќишр мегузарад ва конфигуратсияи электронии он чунин мешавад: 1s2 2s2 2p2

+5В

Дар ин њолат атоми бор метавонист бо як s ва ду р-абрњои электронї се банди

ковалентии нобаробар њосил намояд. Вале ба љойи ин, чї тавре дар боло ќайд гардид, барои бор муфидтар аст, ки се sp2-абри электронии њибридии баробарќувва њосил кунад. Самтњои љойгиршвии ин се абри њибридї дар як њамворї хобида, бо њамдигар кунљи 120° -ро ташкил мекунанд:

Ин се абри электронии њибридї бо р-абрњои электронии атомњои хлор пўшида

шуда, молекули ВСl3-ро њосил мекунанд. Ин молекул шакли секунљаи баробартарафро дорад, ки атоми бор дар маркази он ва атомњои хлор дар ќуллањои он љойгиранд.

Бо далелњои дар боло овардашуда такя намуда, мо ба моњияти sp3-њибридшавї низ сарфањм рафта метавонем. Дар ин маврид аз якто s- ва сето р-абрњои электронї чорто sp3 абрњои электронии њибридии баробарќувва њосил мешаванд. Самтњои ин sp3-абрњои электронии њибридї дар фазо тетраэдрро ташкил мекунанд. Кунљи байнињамдигарии самтњо ба 109°28' баробар аст. Шумо аллакай медонед, ки молекули метан дар асоси чунин њибридшавї њосил мешавад.

Расми 12. Њибридшавии абрњои электронї дар молекули сехлориди бор (ВСl3)

Сохти фазоии молекули об ва аммиакро низ дар асоси sp3-њибридшавї фањмидан

мумкин аст. Дар молекули об кунљи байни бандњо ба 104°5', вале дар молекули NH3 кунљи байни бандњо ба 107°3' баробар аст. Яъне, дар њар ду њолат кунљњо ба кунљи тетраэдрї 109°28' наздик мебошанд. Ин бо он шарњ дода мешавад, ки s- ва р-абрњои

Page 11: ПАЁМИ АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ ТОЉИКИСТОН20Akademii/%D0... · МУНОСИБАТИ БОСАЛОЊИЯТ ДАР ТАЪЛИМ 4(25)- 2017 1 issn 2222-9809

11 МУНОСИБАТИ БОСАЛОЊИЯТ ДАР ТАЪЛИМ 4(25)- 2017

электронии њам оксиген ва њам нитроген чорто sp3-абрњои электронии њибридї њосил менамоянд. Тавре дар боло гуфтем, самтњои ин абрњои электронии њибридї дар фазо шакли тетраэдрро мегиранд. Молекули аммиакро чун тетраэдре ќабул кардан мумкин аст, ки атоми нитроген дар маркази тетраэдр ва се атоми њидроген дар се ќуллаи он љойгир шудаанд. Њамин тавр молекули обро чун тетраэдре тасаввур кардан мумкин аст, ки атоми оксиген дар маркази он ва атомњои њидроген дар ду ќуллаи он љойгир шудаанд. Вале чаро дар молекулњои об ва аммиак кунљи байни бандњо, нисбат ба тетраэдрї каме хурдтар аст?

Барои ба ин савол љавоб додан ба наќшаи сохти молекулњои метан, аммиак ва об диќќат медињем: (расми 13).

Расми 13. Њосилшавии молекулњои метан (а), аммиак (б) ва об (в). Чї хеле, ки дар расми 13 дида мешавад, њамаи чор sp3-абри њибридии атоми карбони

метан (а) бо чор s-абри электронии атоми њидроген пўшида шуда, чор банди ковалентии С-Н-ро ташкил мекунанд. Абрњои электронї нисбат ба њастаи атоми карбон ба тарзи симметрї љойгир шудаанд, бинобар ин, молекули метан шакли тетраэдр дорад. Дар молекули аммиак (б) бошад, танњо се sp3-aбри њибридии атоми нитроген бо се s-абри электронии атоми њидроген пўшида шуда, се банди ковалентии N-H-po њосил мекунанд, ки ба се ќуллаи тетраэдр равона шудаанд. Дар ќуллаи чоруми тетраэдр бошад, љуфти электронњои таќсимнашудаи атоми нитроген љойгир шудаанд. Бо ин сабаб самти љойгиршавии абрњои њибридии атоми нитроген каме таѓйир меёбад, ки он сабабгори аз кунљи 109°28' фарќ кардани кунљи байни бандњои ковалентї дар молекули аммиак мегардад. Дар молекули об бошад, танњо ду sp3-aбри њибридии атоми оксиген бо ду абри электронии атоми њидроген пўшида шуда, ду банди ковалентии О-Н-ро њосил мекунанд, ки онњо дар ду ќуллаи тетраэдр љойгиранд. Дар ду ќуллаи дигари тетраэдр бошад, љуфтњои электронњои таќсимнашудаи атоми оксиген љойгиранд. Бо ин сабаб дар молекули об кунљи байни бандњои ковалентї аз кунљи 109°28' боз њам бештар фарќ мекунад.

Кор бо вараќањои супоришдор дар гурўњњо. Хонандагонро ба гурўњњо људо кунед. Аз онњо хоњиш кунед, ки доир ба сохти

фазоии молекули моддањои органикї ва ѓайриоорганикї кор кунанд, ба гурўњњо чунин супориш дињед:

Мавзўи сохти фазоии молекули моддањои органикї ва ѓайриоорганикиро бодиќќат хонед ва бо мазмуни он шинос шавед;

Сохти фазоии молекули моддањои органикї ва ѓайриоорганикиро бо истифодаи ягон воситаи навишторї (наќша, тасвир ва ѓайра) нишон дињед;

Корашонро муаррифї кунанд. Гурўњи 1 «ТЕТРАЭДР». Сохти тетраэдрии карбоњидрогенњоро дар мисоли

мушаххас шарњ дињанд. Гурўњи 2 «ДИАГОНАЛ». Сабаби таѓйирёбии кунљи байни атомњоро дар

молекулњои об, аммиак ва метан фањмонед. Гурўњи 3 «ТРИГОНАЛ». Вобастагии сохти фазогии молекулњоро аз њибридшавї

шарњ дињед.

O

Page 12: ПАЁМИ АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ ТОЉИКИСТОН20Akademii/%D0... · МУНОСИБАТИ БОСАЛОЊИЯТ ДАР ТАЪЛИМ 4(25)- 2017 1 issn 2222-9809

12 ПАЁМИ АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ ТОЉИКИСТОН

Дар ваќти муаррифии гурўњњо байни хонандагон муњокимарониро ба роњ монед. Ба мафњумњое, ки маълумоти муњим доранд, диќќати бештар дињед ва агар лозим шавад, онњоро худатон пурра кунед.

Хулосаи кори анљомдодашуда. Бо хонандагон маълумоти бадастомадаро ба тартиби муайян дароред ва хулоса кунед.

Анљоми дарс. Мустањкамкунї ва љамъбаст. Блитс-пурсиш. Мустањкамкунии донишу малака. Оид ба масъалањои асосии мавзўъ бо

хонадагон саволу љавоб намоед ва дониши онњоро мустањкам кунед. Дарсро љамъбаст намуда, мењнати хонандагонро ќадр намоед.

Вазифаи хонагї. Оид ба сохти фазоии молекули моддањои органикї ва ѓайриоорганикї маълумотномаи мухтасар нависед.

Арзёбї. Дар раванди дарс фаъолияти таълимии хонандагонро мушоњида намуда дараљаи ба салоњиятњо ноил гаштани онњоро муайян кунед. Натиљањои фаъолияти таълимии хонандагонро аз рўйи саволу супоришњо ва тестњои зер арзёбї карда метавонед.

Фаъолият Метавонад Ќисман

метавонад Наметавонад

Сохти фазоии молекулњои пайвастагињои органикї ба њибридшавї чї гуна вобастагї дорад?

Сабаби таѓйирёбии кунљи байни атомњоро дар молекулњои об, аммиак ва метан фањмонед.

Сохти тетраэдрии карбоњид-рогенњоро дар мисоли мушаххас шарњ дињанд

Барои арзёбии дониш, малака ва мањоратњое, ки заминаи ташаккули салоњияти

хонанда ба шумор мераванд, ба меъёрњои зерин диќќат дињед: - хонанда фикрашро озодона баён мекунад; - бо навбат сухан мегўяд; - суханони дигаронро намебурад; - формуларо дуруст тасвир мекунад;

АДАБИЁТ:

1. Абрамов В. А. Компетентностные методы обучения. - М.: Недра, 1984 2. Абрамзон А.А., Зайченко Л.П., Файнгольд С.И. Поверхностно – активные

вещества. - Л.: Химия, 1988 3. Вербицкий А.А., Ларионова О.Г. Личностный и компетентностный подходы в

образовании. Проблемы интеграции. М.: Логос, 2009. 4. Хуторской А.В. Компетентностный подход в обучении. Научно – методическое

пособие. – М.: Издательство «Эйдорс», 2013.

Page 13: ПАЁМИ АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ ТОЉИКИСТОН20Akademii/%D0... · МУНОСИБАТИ БОСАЛОЊИЯТ ДАР ТАЪЛИМ 4(25)- 2017 1 issn 2222-9809

13 МУНОСИБАТИ БОСАЛОЊИЯТ ДАР ТАЪЛИМ 4(25)- 2017

ИЛМАТ БА АМАЛ ЧУ ЁР ГАРДАД…

АМОНЇ С. – мудири шуъбаи фанњои филологї ва забони давлатї барои аќаллиятњои миллии Пажўњишгоњи рушди маориф ба номи Абдурањмони Љомии АТТ, ш. Душанбе, кўчаи Айнї 45. E-mail: h.аmoni @mail.ru, тел.: (992) 90 790 90 62.

БАЙЗОЕВ А. – ходими пешбари илмии шуъбаи илм ва инноватсияи Академияи тањсилоти Тољикистон, ш. Душанбе, кўчаи Айнї 45. E-mail: h.аmoni @mail.ru, тел.: (992) 90 790 90 62.

ХОЛОВ А. – сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон, ш. Душанбе, кўчаи Ниссормуњад 12, тел.: +(992) 91 862 91 62.

Дар маќола масъалаи татбиќи муносибати босалоњият дар таълими зинаи ибтидоии тањсилот баррасї гардида, натиљањои аввалини он дар синфњои ибтидоии муассисањои тањсилоти миёнаи умумии шањри Душанбе ва мушкилоти љойдошта нишон дода шудаанд.

Вожањои калидї: салоњият, салоњиятнокї, босалоњият, омўзгор, низом, бартарї, арзёбї, такмили ихтисос.

НАУКА ЦЕНИТСЯ НА ПРАКТИКЕ

АМОНИ С. – зав. отделом филологических наук и государственного языка для

нацменьшинств Института развитии образования имени А. Джами АОТ, г. Душанбе, ул. Айни 45. E-mail: h.аmoni @mail.ru, тел.: (992) 90 790 90 62.

БАЙЗОЕВ А. – старший специалист отдела науки и инновации Академии образования Таджикистана, г. Душанбе, ул. Айни 45. E-mail: [email protected], тел.: +(992) 90 790 70 17.

ХОЛОВ А. – начальник управление науки и инновации Министерства образования и науки Республики Таджикистан, г. Душанбе, ул. Ниссормуњад 12, тел.: +(992) 91 862 91 62.

В статье рассматриваются вопросы, связанные с внедрением системы обучения основанная на компетентностного подхода в начальных классах. На основе результатов проведенной экспертизы в ряде школ города Душанбе определены основные достижения и трудности внедрения новой системы, разработаны конкретные рекомендации по улучшению ситуации.

Кючевые слова: компетенция, компетентность, компетентный, учитель, система, приоритет, оценка, повышение квалификации.

THE SCIENCE IS APPRECIATED BY PRACTICE

AMONI S. – head of the Department of Philological Sciences and the State Language for National Minorities of the Institute of Education Development named after A. Jami of Academy of Education of the Republic of Tajikistan, Dushanbe, Aini str. 45. E-mail: h.аmoni @mail.ru, mob.: +(992) 90 790 90 62

BAYZOEV A. – senior specialist of the science and Innovation Department of the Academy of Education of Tajikistan, Dushanbe, Aini str.45. E-mail: [email protected], mob.: +(992) 90 790 70 17.

KHOLOV A. – head of the Department of science and Innovation of the Ministry of education and science of the Republic of Tajikistan, Dushanbe, ul. Nisorgmudad str.12, mob.: + (992) 91 862 91 62.

Page 14: ПАЁМИ АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ ТОЉИКИСТОН20Akademii/%D0... · МУНОСИБАТИ БОСАЛОЊИЯТ ДАР ТАЪЛИМ 4(25)- 2017 1 issn 2222-9809

14 ПАЁМИ АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ ТОЉИКИСТОН

Competence is first of all the general ability and readiness of the person for the activity, based on knowledge and experience got in the training, which is focused on student’s independent participation in the study process and directed on his/her successful integration into society. The main problems connected with implementation of the competency based system of training in elementary classes are considered in this article. The basic achievements and difficulties of introduction of new system are defined according to the results of the inspection in Dushanbe schools and developed concrete recommendations on situation improvement.

Keywords: competence, competency, competent, teacher, system, priority, assessment, re-training.

«Мо ба бачањо аксаран аз њад зиёд супориш медињем, ки аз худ кунанд, на масъала мегузорем, ки њал намоянд».

Роджер Левин

“Он ќадар бор кун, ки бикашад, на он ќадар, ки бикушад”. Маќоли халќї

Тибќи анъана њадафњои тањсилот дар муассисањои таълимї дастрас намудани дониш ва мањорату малакаест, ки хатмкунанда бояд аз худ намояд. Вале имрўз чунин муносибат, яъне фаќат аз худ кардани донишу малакаву мањорат кофї нест. Имрўз љомеа на ба њамадонњои сергап ниёз дорад, балки ба шахсиятњое муњтољ аст, ки дар раванди зиндагї фаъол бошанд, мушкилоти њаётї ва касбии худро мустаќилона њал карда тавонанд. Ва вазифаи муассисаи таълимї низ омода кардани хатмкунандагонест, ки њангоми мувољењ шудан ба њолатњои сангин роњњои њалли мушкилотро худашон ёфта тавонанд, оќилонаву сарфакорона рафтор намуда, ќарори ќабулкардаи хешро асоснок кунанд.

Аммо ин бештар ба донишњои андўхта вобаста набуда, балки ба сифатњои иловагие робита дорад, ки барои ифодаашон мафњумњои «салоњият» ва «салоњиятнокї»-ро истифода мебарем. Ин ду истилоњи њампоя имрўз, бешак, ифодакунандаи њадафњои тањсилот дониста мешаванд.

Вазифаи асосии низоми муосири тањсилот ташкили шароити мувофиќ барои омўзиши босифат ба шумор меравад. Воридсозии рањёфти салоњиятнок шарти муњимми баланд бардоштани сифати тањсилот аст. Назар ба андешаи олимону педагогони муосир, ба даст овардани малакањои њаётан муњим, яъне салоњиятњо ба одамон имкон медињад, ки маќоми худро дар љомеа пайдо намуда, устувор созанд, њам зудамал бошанд њам ба талаботи замон љавоб гуфта тавонанд.

Рањёфти босалоњият дар тањсилот бо рўйкарди амалкунандаи шахсиятгаро робита дошта, ба шахсият ва фароянди фаъолияти мушаххаси њар хонанда дахолат мекунад. Дар ин робита дар раванди имрўзаи фаъолияти педагогї наќши омўзгорони салоњиятноки касбї ба таври чашмгир меафзояд, хонанда ва фаъолияти ў ба мењвари асосии тањсилоти мактабї табдил меёбад.

Тавоноињо ва зарфиятњо, яъне салоњиятнокї дар фароянди омўзиш тавассути омилњои зерин дар шахсияти хонандагон ташаккул ва рушд меёбад:

технология; мазмуни тањсилот; сабки зиндагии шахсї; шакли њамкорї миёни устоду шогирд ва шогирдон. Мафњумњои «салоњият» ва «босалоњият» /«салоњиятнок» ба чунин маъноњо

истифода мешаванд: Салоњият: 1) доираи масъалањое, ки касе бештар дар бораи онњо иттилоъ дорад;

2) доираи тавоної ва њуќуќи касе; Босалоњият: 1) бохабар, огоњ; дорои эътибор дар соњаи муайян; 2) мутахассис,

соњиби тавоної ва зарфиятњо.

Page 15: ПАЁМИ АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ ТОЉИКИСТОН20Akademii/%D0... · МУНОСИБАТИ БОСАЛОЊИЯТ ДАР ТАЪЛИМ 4(25)- 2017 1 issn 2222-9809

15 МУНОСИБАТИ БОСАЛОЊИЯТ ДАР ТАЪЛИМ 4(25)- 2017

Аз ин љо метавон гуфт, ки салоњият доираи масоил ва зуњуротест, ки шахс дар њалли онњо дониш, малака, мањорат, ќобилият ва эътибору таљрибаи васеъ дорад. Њамин тариќ, салоњиятнокї иборат аст аз тањрики дониш, инъитофпазирии шеваи кор (чандир будан) ва равиши тафаккури интиќодї дар муњити љомеа.

Њамзамон бояд ќайд намуд, ки дар шароити кунунї вобаста ба талаботи бозори мењнат ва инкишофи босуръати муносибатњои иљтимої, иќтисодї ва љалби њарчи бештари воситањои иттилоотї (интернет, телевизион ва ѓайра), манбаъњои дигари иттилоотї танњо ба хотири мусаллањ намудани хонандагон ба дониши назариявї набуда, салоњияти дар амал татбиќ намудани донишу малакањо муњимтарин роњи иљтимоишавии кўдакон ва ноил шудан ба натиљањои дилхоњ арзёбї мегардад.

Низоми таълими салоњиятнок дар сурати омода будани омўзгорон ба татбиќи он, таъмин будани хонандагон бо маводи зарурї ва дорои сатњи муайяни тањкурсии дониш будани онњо имкон медињад, ки мухолифати байни таъмини сифати тањсилот ва зиёд намудани сарборию тибќи усули анъанавї дарс гузаштанро аз байн бубарад. Яъне бо усули анъанавї ва зиёд кардани миќдори соатњои тадрис наметавон сифати тањсилотро бењтар намуд ва хонандаро ба њаёти имрўзу фардо ба таври дилхоњ омода кард. Аз ин рў Њукумати Љумњурии Тољикистон, Вазорати маориф ва илм пайваста кўшиш менамоянд, ки низоми таълимро њамќадами замон гардонида, дар ин росто тадбирњои мушаххасро амалї созанд. Мањз ба њамин хотир соли 2012 Њукумати Љумњурии Тољикистон «Стратегияи рушди маориф барои солњои 2012-2020»-ро ба тасвиб расонд. Тибќи ин њуљљат то соли 2020 стандарту барнома ва китобњои дарсї бояд таљдиди назар гашта, таълим дар муассисањои тањсилоти умумии кишвар дар асоси низоми таълими салоњиятнок ба роњ монда шавад. Аз љумла, дар синфњои 1-4 гузариш ба таълими салоњиятнок дар муассисањои тањсилоти миёнаи умумии пилотии шањру ноњияњои љумњурї аз оѓози соли тањсили 2016-2017 роњандозї гардидааст.

Табиист, ки љараёни татбиќи таълими салоњиятнок давраи тўлониро дар бар мегирад. Аз ин рў тањлилу санљиши раванди татбиќи он дар муассисањои таълимии љумњурї имкон медињад, ки љињатњои ќавї ва монеањову мушкилоти мављуда ошкор гардида, љињати бартараф сохтани онњо ва таъмини татбиќи босифати муносибати босалоњият дар таълим чорањои зарурї андешида шаванд.

Арзёбии рафти татбиќи таълими салоњиятнок дар муассисањои тањсилоти миёнаи умумии шањру ноњияњои љумњурї, тањлили вазъи фаъолияти ташкилии педагогї ва расонидани ёрии методї ба омўзгорони синфњои 1-4- и МТМУ-и № 3, № 18, № 22, № 24, №42, № 28, №57, №72, №74, №76 ва №78-и ноњияи Фирдавсии ш. Душанбе (11-15 апрели соли 2017) аз муњимтарин њадафњои яке аз гурўњњои кории ПРМ ба номи А. Љомии АТТ буд. Зимни омўзиши рафти татбиќи таълими босалоњият дар муассисањои таълимии номбурда диќќати асосї ба масъалањои зерин нигаронида шуданд:

1. Омодагии омўзгорони муассисањои таълимї ба татбиќи таълими салоњиятнок (натиљаи курсњои такмили ихтисос).

2. Сатњи мањорати касбии омўзгорони синфњои ибтидої ва имконоти татбиќи омўзиши салоњиятнок (истифодаи усулњои нави таълим).

3. Дастрасии стандартњои фаннї ва маводи таълим: а) стандартњои фанњои таълимї; б) роњнамои фан барои омўзгор; в) замимањо ба китобњои дарсї (мавод барои хонандагон); г) њаљм ва дастрасии маводи пешнињодшудаи фан (барои як соати дарс) ва

мувофиќати он ба сатњи дониш (тањкурсї)-и хонанда ва таъсири истифодаи он ба суръати дарс ва доираи дарки он дар љараёни дарс ва дигар ваќти људокардашуда.

4. Самаранокии курсњои такмили ихтисоси омўзгорони синфњои 1-4 барои пешрафти татбиќи низоми таълими босалоњият.

5. Дастовардњои татбиќи низоми таълими босалоњият.

Page 16: ПАЁМИ АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ ТОЉИКИСТОН20Akademii/%D0... · МУНОСИБАТИ БОСАЛОЊИЯТ ДАР ТАЪЛИМ 4(25)- 2017 1 issn 2222-9809

16 ПАЁМИ АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ ТОЉИКИСТОН

6. Арзёбии дониши хонандагони муассисањои тањсилоти миёнаи умумї дар муќоиса бо низоми анъанавї (муќоисаи љамъбасти нимсолаи якуми соли хониши 2015-2016 ва нимсолаи якуми соли хониши 2016-2017).

7. Муайян намудани мушкилоти татбиќи низоми таълими босалоњият. Омўзиши татбиќи таълими босалоњият дар муассисањои таълимии ноњияи

Фирдавсї тибќи наќшаи зерин сурат гирифт: - фаъолияти маъмурияти муассисаи таълимї оид ба татбиќи муносибати

босалоњият дар зинаи тањсилоти ибтидої; - фаъолияти Шўрои методї ва иттињодияи методї; - таъминоти муассисањои таълимї бо стандартњои фаннї, барномањои таълимї,

китобњои нави дарсї ва маводи иловагии ёрирасон (хонандагон ва омўзгорон); -фаъолияти омўзгорон оид ба татбиќи муносибати босалоњият дар синфњои

ибтидої; - мушоњидаи дарси омўзгорони синфњои 1-4; - омўзиши мониторинги сифати дониши хонандагони синфњои 1-4 дар муќоиса

бо низоми анъанавии таълим; - суњбат-пурсишнома (мусоњиба) бо омўзгорон; - суњбат-пурсишнома бо љонишини директор оид ба таълим дар синфњои

ибтидої ва роњбари иттињодияи методї; - гузаронидани суњбати озод бо омўзгорони синфњои ибтидої. Омўзиш нишон дод, ки фаъолияти муассисањои тањсилоти миёнаи умумї оид ба

татбиќи тањсилоти салоњиятнок ё худ рушди салоњиятнокии хонандагон дар раванди таълими њамаи фанњо дар синфњои 1-4-и муассисањои тањсилоти умумї, асосан, дуруст роњандозї шудааст. Аз љониби роњбарияти муассисањои тањсилоти миёнаи умумї барои татбиќи таълими босалоњият бештар омўзгорони тањсилоти олидор љалб карда шудаанд, ба омўзгорони соњибтаљриба имкон дода шудааст, ки бо истифода аз таљриба ва мањорати касбии хеш самаранокии таълими босалоњиятро дар синфњои 1- 4 таъмин намоянд.

Дар айни замон дар наќшаи дурнамои солона, Шўрои омўзгорон, маљлиси назди директор, Шўрои методї ва љаласањои иттињодияи методии омўзгорони синфњои ибтидої рафти татбиќи омўзиши босалоњият дар алоњидагї ба наќша дароварда нашудааст, вале сифати таълими фанњои алоњида ва салоњиятнокии хонандагон дар њуљљатгузории баъзе муассисањои таълимї (№№,74,76, 78) масъалагузорї шудааст.

Натиљаи омўзиш ва мушоњидаи рафти татбиќи таълими салоњиятнок нишон дод, ки омўзгорон ва мутасаддиёни пешбурди низоми таълими салоњиятнок дар соли равон корњои зеринро ба анљом расонидаанд:

1. Ќариб њамаи омўзгорони синфњои ибтидоии муассисањои тањсилоти миёнаи умумии макотиби номбурдаи шањри Душанбе дар курсњои такмили ихтисоси омўзгорон оид ба тањсилоти салоњиятнок ё рушди салоњиятнокии хонанда дар раванди таълим аз рўйи наќшаи Донишкадаи Љумњуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соњаи маориф дар шањру ноњияњо аз 9. 06. 2016 то имрўз омўзиш дидаанд (курсњои 10- рўза).

2. Маводи таълимии зеринро ба омўзгорон дастрас намудаанд: Рањнамо барои омўзгорон: забони модарї барои синфи 1; табиатшиносї барои

синфи 1; тарбияи љисмонї барои синфи 1; суруд ва мусиќї барои синфи 1; суруд ва мусиќї барои синфи 2; санъати тасвирї ва мењнат барои синфи 2; забони русї барои синфи 3; тарбияи љисмонї барои синфи 3; санъати тасвирї ва мењнат барои синфи 3; суруд ва мусиќї барои синфи 3.

Замимањо ба китобњои дарсї барои омўзгорон: санъати тасвирї ва мењнат барои синфи 1; забони англисї барои синфи 3; математика барои синфи 4; забони модарї барои синфи 4; забони англисї барои синфи 4.

3. Омўзгорони синфњои мазкур, новобаста ба мушкилоти дарки моњият ва муњтавои рушди салоњиятнокии хонандагон, дар раванди курсњои такмили ихтисос ва таълим дар синфњои 1-4 бањри баланд бардоштани сифати тањсилот ва ташаккули салоњиятњои хонандагон љањду талош менамоянд.

Page 17: ПАЁМИ АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ ТОЉИКИСТОН20Akademii/%D0... · МУНОСИБАТИ БОСАЛОЊИЯТ ДАР ТАЪЛИМ 4(25)- 2017 1 issn 2222-9809

17 МУНОСИБАТИ БОСАЛОЊИЯТ ДАР ТАЪЛИМ 4(25)- 2017

4. Дар наќшаи дурнамои солонаи муассисањои тањсилоти миёнаи умумї рафти татбиќи омўзиши салоњиятнок ба наќшаи корї ворид карда шудааст ва сифати таълими фанњои алоњида ва салоњиятнокии хонандагон низ дар маљлисњои омўзгорон баррасї гардидааст.

5. Масъалагузории вазъи татбиќи омўзиши салоњиятнок дар синфњои 1-4 дар наќшаи шуъбаи маорифи ноњия ва дурнамои муассисањои таълимї пешбинї шудааст.

6. Мувофиќи наќшаи мушовирон оид ба синфњои 1-4 дар соли хониши равон дар мавзўи: “Ба наќшагирии дарсњо дар асоси стандарт, рањнамо ва китоби дарсї”,”Тест воситаи муњими арзёбии дониши хонандагон дар синфњои ибтидої”, “Сохти дарс ва банаќшагирии он дар низоми таълими салоњиятнок”ва ѓайра баромадњо ва мизњои мудаввар баргузор карда шудаанд.

Дар баробари ин њанўз њам китобњои дарсии нав, махсусан, забони модарї барои синфњои якуму дуюм њанўз њам дастрас нестанд, бо китобњои дарсии математика дар ин синфњо танњо 50%-и хонандагон таъминанд, ки он љараёни таълимро халалдор месозад.

Иштирок ба дарсњои омўзгорон нишон дод, ки омўзгорон гузариши мавзўи навро аз проблемагузорї оғоз менамоянд. Аммо омўзгороне низ њастанд, ки ба аќидаи онњо, дарси анъанавї хубтару бењтар аст.

Омўзгорони синфњои ибтидоии муассисањои тањсилоти миёнаи умумї ба низоми таълими босалоњият ворид шудаанд ва ба ќадри имкон таълимро аз дидгоњи “омўзгормењвар” ба “хонандамењвар” интиќол додаанд. Дар раванди омўзиш ва тањлили дарси омўзгорон маълум шуд, ки онњо барои такмили машќи дониш, малака ва мањорат бо хонандагон аз усули гуногуни фаъолият: кори мустаќилона, кори дунафарї, кор дар гурўњњои хурд, муњокимаи умумї, бозї, кроссворд ва ѓайрањо истифода мебаранд, ки ин комилан мусбат арзёбї мегардад. Аксарияти омўзгорон ин намуди таълимро бењтар мењисобанд. Вале, сариваќт дастрас нагардидани маводи нави таълим, зиёд будани шумораи хонандагони синф, набудани замимањои китобњои дарсї, номутобиќии онњо бо китоби дарсї дар пешрафти кори таълим мушкилот эљод намудааст

Дар баробари он ќайд намудан зарур аст, ки фаъолияти гурўњї (кори дунафара, кор дар гурўњњои хурд, муњокимаи умумї, кор бо гурўњхои калон), ки имрўз дар рафти татбиќи таълими салоњиятнок омўзгорони синфњои ибтидої истифода мебаранд, аслан кори гурўњї набуда, он бештар ба кори байни ќаторњои хонандагон (тарзи нишаст,тарафи чап ё рост) ё худ ба тарзи нишасти муќаррарї монанд аст. Таќсимоти ваќт низ дар раванди таълими мазкур самарабахш нест. Масалан, супоришњои зиёд ба хонанда пешнињод карда мешаванд, аммо тањкурсии дониши ќаблии ў ба назар гирифта намешавад ва супориш ба рушди ќобилияти зењнии ў на њамеша мусоидат мекунад.

Барои тањлили натиљањои дониш, мањорат ва малакањои хонандагони синфњои ибтидої љамъбасти нимсолаи якуми соли хониши 2015/2016 бо љамъбасти нимсолаи аввали соли хониши 2016/2017 муќоиса карда шуд.

Тавре аз натиљањои тањлил бармеояд, пешрафти хонандагон дар нимсолаи якуми соли тањсили 2016/17 нисбат ба рейтинги солонаи соли тањсили 2015/16, асосан, бењтар гардидааст. Аз ин рў метавон гуфт, ки татбиќи низоми салоњиятнок яке аз роњњои баланд бардоштани сифати дониши хонандагон аст. Дар баробари ин, дар баъзе муассисањои таълимї, аз љумла, дар МТМУ №72, 74, 78 нишондињандањои нимсолаи якуми с/т 2016/17 нисбат ба нишондињандањои соланаи с/т 2015/16 коњиш ёфтааст. Дар ин љо сабабњо гуногун буда метавонанд. Маъмурияти муассисањои номбурдаро зарур аст, ки ин њолатро њамаљониба тањлил намуда, сабабњои паст шудани сатњи азхудкуниро муайян намоянд ва барои рафъи онњо њарчи зудтар чорањо андешанд.

Пурсишномае, ки барои арзёбии љараёни татбиќи таълими салоњиятнок барои омўзгорон омода шуда буд, дар маљмўъ 25 саволро дар бар мегирад. Дар пурсиш њамагї 128 нафар омўзгори синфњои ибтидої ширкат намуданд. Мо ба натиљањои

Page 18: ПАЁМИ АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ ТОЉИКИСТОН20Akademii/%D0... · МУНОСИБАТИ БОСАЛОЊИЯТ ДАР ТАЪЛИМ 4(25)- 2017 1 issn 2222-9809

18 ПАЁМИ АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ ТОЉИКИСТОН

пурсиш аз рўйи њамаи саволњо дахл накарда, ба натиљањои се саволи муњим мехоњем таваљљуњи хонандаро љалб кунем.

Яке аз чунин саволњо чунин буд: «То чї андоза Шумо аз курси такмили ихтисос ва бозомўзї оид ба низоми салоњиятнокї дар синфњои ибтидої ќаноатманд њастед»? Тавре ки аз натиљањои пурсиш бармеояд, камтар аз нисфи омўзгорон – 52 нафар, ё худ 40,6% аз курсњои такмили ихтисос изњори ќанолатмандї намудаанд. 56 нафар, ё худ 44% ќисман ќаноатманд буда, 20 нафари боќимонда умуман ќаноатманд нестанд:

0102030405060

Пурра қаноатманд Қисман қаноатманд

Қаноатманд не

5256

19

Дар суњбати озод бо омўзгорон, ваќте ки сабабњои ќаноатманд набуданашонро

пурсидем, чунин андешањо иброз ёфтанд: Курсњои такмили ихтисос, асосан, масъалањои наариявиро дар бар мегирифтанд,

ба љанбањои амалии он, махсусан, вобаста ба њар фанни алоњида кам эътибор дода мешуд. Китобњои дарсии нав, замимањо ба китобњо ва дигар маводи иловагї дастрас

набуданд, то ки бо муњтавои онњо аз наздик шинос шуда, бевосита боонњо кор кунем. Сатњи омодагии баъзе тренерон хуб набуд, баъзе масъалањои таълими

салоњиятнок норавшан боќї монданд. Саволи дигар, ки ба андешаи мо, бевосита ба сифати татбиќи таълими

салоњиятнок таъсир мерасонад, дастрасии омўзгорон ба маводи таълимию методї буд. Маълум мешавад, ки аксарияти омўзгороне, ки дар курсњои такмили ихтисос иштирок кардаанд, модули таълими салоњиятнокро дастрас кардаанд (118 нафар аз 128 омўзгор, ё худ каме бештар аз 92%).

Натиљањои пурсиш њамчунин нишонгари он буд, ки омўзгорони синфњои ибтидої оњиста-оњиста ба бартарињои низоми таълими салоњиятнок пай бурда истодаанд ва онро аз низоми анъанавї афзалтар мешуморанд. Аз 128 нафар омўзгор, ки дар пурсиш иштирок карданд, 87 нафар, ё худ таќрибан 68% ба низоми таълими салоњиятнок бартарї додаанд. Танњо 14 нафар, ё худ наздики 11% њанўз њам низоми анъанавиро бењтар мешуморанд. 27 нафари дигар (21%) њоло дар ин марвид андешаи аниќ надоранд:

Низоми таълими салоҳиятнок; 87Низоми

анъанавӣ; 14

Намедонам; 27

Page 19: ПАЁМИ АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ ТОЉИКИСТОН20Akademii/%D0... · МУНОСИБАТИ БОСАЛОЊИЯТ ДАР ТАЪЛИМ 4(25)- 2017 1 issn 2222-9809

19 МУНОСИБАТИ БОСАЛОЊИЯТ ДАР ТАЪЛИМ 4(25)- 2017

Омўзгорон, гарчанде бартарии таълими салоњиятнокро эътироф доранд, вале дар татбиќи он ба мушкилот дучор мегарданд. Муњимтарини онњо чунинанд:

1. Дар татбиќи омўзиши салоњиятнок, ки аз оѓози соли тањсили 2016-2017 дар синфњои ибтидоии муассисањои тањсилоти миёнаи умумии кишвар љорї гардидааст, ба саросемагї роњ дода шудааст:

- ќисми зиёди омўзгорон моњият ва муњтавои низоми таълими салоњиятнокро дарк накардаанд ва ќисман маводи таълим дастрас нагардидааст;

- роњбарияти муассисањои тањсилоти умумии кишвар модулњои таълимро ба њамаи омўзгорон дастрас нагардонидаанд, ё онро дар шакли диск ќариб дар охири моњи октябр ба муассисањои таълимї фиристонидаанд ва нашри онњоро ба уњдаи омўзгорони муассисањои таълимї гузоштаанд;

2. Миќдори зиёди омўзгорони синфњои ибтидої дар раванди курсњои такмили ихтисос оид ба низоми таълими салоњиятнок моњият ва муњтавои таълими салоњиятнокро дарк накардаанд;

3. Ба озмойиш фаро гирифтани миќдори ками муассисањои тањсилоти миёнаи умумї, муњлати ками озмоиш (як соли хониш), ширкати мутахассисони ѓайрисоњавї ба сифати тањиягарони модулњои таълим, рањнамоњои омўзгор ва пешнињоди наќшањои таќвимию дарсї бо назардошти сатњи дониши воќеии хонанда (тањкурсии дониши ќаблї;

4. Таѓйир наёфтани муносибат ба арзёбии салоњияти хонанда бо назардошти риояи меъёрњои воќеии бањодињї;

5. Њуљљатгузорї дар муассисањои тањсилоти миёнаи умумї ќонеъкунанда нест. Гурўњи корї дар ягон муассиса наќша-чорабинї ва иљрои онро доир ба татбиќи низоми таълими босалоњият пайдо накард;

6. Мушовирони кабинетњои методї ва тренерони минтаќавї вобаста ба раванди татбиќи низоми таълими салоњиятнок бо омўзгорони синфњои ибтидої истифодаи шаклњои муосири таълимро ба таври бояду шояд ба роњ намондаанд;

7. Дар тамоми муассисањои тањсилоти умумии кишвар тибќи рањнамоњо ва модулњои таълими пешнињодшуда аз рўйи як ќолаб тањия намудани наќшањои дарс њам барои омўзгорони собиќадор ва њам љавони бетаљриба тавсия шудааст;

8. Мушовирон ва тренерони таълими нав аз љумлаи мутахассисони варзида нестанд, аз ин рў, надонистани вижагињои таълими салоњиятнок барои омўзгорон монеа эљод мекунад;

Албатта, миќдои муайяни омўзгорон ба мушкилоти сатњи омодагї нигоњ накарда, кўшиш мекунанд, ки дар баробари усули анъанавии таълим тањсилоти салоњиятнокро низ дар раванди дарсњо самаранок истифода намоянд. Гурўњи корї бо дарки масъулият ва эњсоси мададгорї бо омўзгорон суњбат ороста, ањаммият ва бартарии низоми омўзиши салоњиятнокро тавзењ дод. Омўзгорони муассисањои мавриди муаррифї ќароргирифта итминон њосил намуданд, ки метавонанд низоми мазкурро бо натиљањои шоиста татбиќ намоянд. РАВОБИТИ ПЕДАГОГЇ ВА МУНОСИБАТИ БОСАЛОЊИЯТ

САИДИБРОИМОВА С. – ходими калони илмии шуъбаи фанњои филологї ва забони давлатї барои аќаллиятњои миллии Пажўњишгоњи рушди маориф ба номи А. Љомии АТТ. ш. Душанбе, кўчаи Айнї 45, тел.: +(992)93 461 71 82

Айни замон зарурат пеш омадааст, ки ба равобити педагогї ва муносибати босалоњият дар таълим диќќати зарурї дињем. Муњим он аст, ки на танњо ба аз худ намудани донишњо, ки балки ба малакаву мањорат диќќати љиддї дињем. Чунин таълим мавриде амалї мегардад, ки усули демократикунонии таълим ва муносибати байни омузгору хонанда ба куллї таѓйир дода шавад.

Page 20: ПАЁМИ АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ ТОЉИКИСТОН20Akademii/%D0... · МУНОСИБАТИ БОСАЛОЊИЯТ ДАР ТАЪЛИМ 4(25)- 2017 1 issn 2222-9809

20 ПАЁМИ АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ ТОЉИКИСТОН

Вожањои калидї: педагогикаи иртиботї, салоњият, омўзиш, муассиса, инкишоф, илм.

ПЕДАГОГИЧЕСКАЯ КОММУНИКАЦИЯ И КОМПЕТЕНТНОСТНОЕ ОБРАЗОВАНИЕ

САИДИБРОИМОВА С. – старший научный сотрудник отдела филологических наук и государственного языка для нацменьшинств Института развития образования имени А. Джами АОТ, г. Душанбе, ул. Айни 45, тел.: +(992)93 461 71 82

В настоящее время нужно произвести переход от информационно-объяснительного обучения учеников к деятельному, развивающему. Важными становятся не только усвоенные в школе знания, но и способы усвоения, мышления и учебной работы, развитие познавательных сил и творческого потенциала учеников. А это может произойти только при условии демократичности методов обучения и разрушения искусственных барьеров между преподавателями и учениками.

Кючевые слова: инновационная педагогика, компетентность, изучение, учреждение, развитие, наука.

PEDAGOGICAL COMMUNICATION AND TEACHING OF COMPETENCE

SAIDIBROIMOVA S. – senior researcher of the Department of Philology and State Language for National Minorities of the Institute of Education Development named after A. Jami of Academy of Education of the Republic of Tajikistan, Dushanbe, Aini str. 45, mob.: + (992) 93 461 71 82

At present, it is necessary to make a transition from information-explanatory education of pupils to active, developing education. The ways of learning, thinking and learning, the development of cognitive forces and the creative potential of students become important. This can happen only if the methods of education are democratic, the disciples are liberated, and the artificial barriers between teachers and students are destroyed.

Keywords: Innovative pedagogy, competence, study, institution, development, science.

Раванди таълиму тарбия шахсияти инсонро парвариш намуда, соњиби илму дониш, аќлу хирад, маърифат, маданият, фарњанг ва хислатњои неки ахлоќї менамояд ва љањони маънавии онро ѓанї мегардонад. Таълиму тарбия падидаи махсуси рушду нумўи масъалањои умдатарини љомеа ба шумор меравад.

Солњои охир масъалаи самарабахшии тањсилот дар раванди тадрис ва донишандўзї нигаронкунанда шудааст. Масалан,ташвишовар аст, ки насли наврас дар куљо ва чї тарз дар зиндагї истифода намудани донишу малакањои дар раванди тањсил гирифтаашро намедонад. Ин мушкил водор месозад, ки хонандаи мактаб омўзиши малакаву мањоратњоро муњим дониста, ањаммияти онњоро дар раванди иљтимоишавї сањењ дарк нмояд. Пас, низоми таълиму тарбияро тавре бояд сохт, ки масъалаи мазкур ба гунаи бењтаре њаллу фасл гардад.

Љомеаи муосир ба афроди соњибмаълумот, бомаърифату лаёќатманде ниёз дорад, ки мустаќилона фаъолият намуда, натиљањоро пешгўйї карда тавонанд, дар корњои љамъиятї фаъол бошанд, бо њам кор карда тавонанд, наќши таълимро дар њайёти худ ва љомеа дарк карда, дар пойдории ояндаи дурахшони кишвар сањмгузор бошанд.

Бо тавваљљуњ ба ин масоил кормандони Филиалли донишкадаи љумњуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соњаи маориф дар ВМКБ дар фаъолиятњои пажўњишии худ масъалаи тадќиќ ва баррасии «Педагогикаи иртиботї» - ро мавриди омўзиш ќарор додаанд.

Аз ин рў, барномаи мазкур усул ва методњои таълимиеро пешнињод менамояд, ки барои њамаи фанњо ќобили ќабуланд ва ба мушовирону омўзгорон мувофиќи барномањои таълимї имконияти аз онњо истифода бурданро таъмин мекунанд. Барои

Page 21: ПАЁМИ АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ ТОЉИКИСТОН20Akademii/%D0... · МУНОСИБАТИ БОСАЛОЊИЯТ ДАР ТАЪЛИМ 4(25)- 2017 1 issn 2222-9809

21 МУНОСИБАТИ БОСАЛОЊИЯТ ДАР ТАЪЛИМ 4(25)- 2017

сайќал додани салоњиятњои муњимми иљтимоии хонандагон дар раванди таљриба корњои фардию гурўњї, муколама, бањс, мусоњиба, љустуљў ва ѓайра њамчун роњњои омўзиш истифода мешаванд.

Наќши омўзгор дар барномаи «Педагогикаи иртиботї» дигар аст. Дар синф ў манбаи донишњои фаннї набуда, роњнамо ва пешбар ба шумор меравад. Њар як омўзгор барои хонандагон донишњои тайёрро пешкаш накарда, онњоро водор месозад, ки худашон ин донишњоро аз муњити иљтимоию иќтисодии мањалли худ биомўзанд ва роњњои бењбудиро љустуљў намоянд.

Педагоги бузурги рус К.Д.Ушинский чунин ќайд кардааст: «Вазифаи муаллим аз он иборат нест, ки ба кўдак маводи тайёрро дињад, балки ўро ба фикр кардан водор намояд». Дар замони муосир барои ба зиндагї тайёр намудани шогирдон дар баробари фикрронии дуруст, кунљковї, эљодкорї, худшиносї, њамкорї ва суботкориро низ рушд додан зарур аст. Яъне омўзиш дар асри нав ба рушди салоњиятнокї асос ёфтааст ва аз омўзгор талаб менамояд, ки ў худ салоњиятнок бошад ва салоњияти шогирдонашро дар раванди омўзиш њарљониба рушд дињад.

Омўзиш равандест, ки дар натиљаи мушоњида, таљриба, бањсу мунозира ва амсоли инњо ташаккул ёфта, аз насл ба насл интиќол меёбад ва дар зиндагї ба кор бурда мешавад. Истилоњи «иртибот» - маънои робита, бастани чизе ба чизе, пайванд кардан, рабт ва алоќамандї дошта, дар илми педагогика маънои алоќамандї, пайвандсозии таълим ва њаётро дар назар дорад.

Њар як омўзгор бояд дарсро бо назардошти рушди салоњиятњои шахсї-фардии хонандагон тавре ба наќша гирад, ки он ба рушди иљтимої, фарњангї ва иќтисодии кишвар мусоидат намуда, хонандаро барои зиндагии оянда тайёр намояд.

Алоќамандии таълим ба њаёт дар педагогика мафњуми нав нест. Дар ин самт педагогони машњури ватанию хориљї хеле корњои илмии шоистаро анљом додаанд, вале бо сабабњои гуногун ин мутафаккирони барљаста наметавонистанд, ки аз доираи чањорчўби муайян берун раванд. Бо шарофати истиќлолият имконият даст додааст, ки мо роњњои гуногун ва самараноки таълимро љустуљў намоем ва барои ободии диёр ва кишварамон мавриди истифода ќарор бидињем.

Фарќи фалсафаи «Педагогикаи иртиботї» аз назарияи таълими анъанавї дар он аст, ки раванди тањсилот дар муассисањои таълимї бо истифода аз шароиту маводи мањал, дар такя ба фарњанги миллї тайёр намудани шањрвандонест, ки ба зиндагї дар љомеаи навин омода гардида, дар оянда таќдири худ, оила ва кишварашонро мустаќилона њаллу фаслу карда тавонанд.

Барои ба ин маќсадњо ноил гардидан ба шањрвандоне зарурат пайдо мегардад, ки онњо моњияти њар чизи омўхтаашонро маънидод карда, тањлил намуда ва аз он хулосаи даркориро бароварда тавонанд. Бањри азхуд намудани ин мањоратњо хонанда бояд бойигарии зарурии луѓавї дошта, маводи омўзиширо бештар мутоила намуда, хуб дарк намояд. Ин авомил хонандагонро ба хониши оќилона ва дарки маънои матни хондашуда, моњияти мавзўъњои барномаи таълимии фанни омўзишї, бойгардонї ва азхудкунии забон водор месозад ва тавассути муќоисаи матни хондашуда бо њаёти воќеї, ба рушди ќобилиятњои фикрронї, тањлилкунї, эљодкорї ва худбањодињї мусоидат менамоянд.

Маќсади асосии истифодаи усули «Педагогикаи иртиботї» ин бедор намудани шавќи хонандагон ба касб, алоќамандсозии мавзўи таълимї ба њаёти воќеии кўдак, тарбия намудани шањрвандони болаёќату кордон мебошад. Чунин шакли таълим ба маќсадноку шавќовар гардонидани мавзўъњои барнома, инкишоф додани ќобилияти эљодї ва касбии хонандагон мусоидат менамояд. Дар хонандагон мустаќилият, ќобилияту мањоратњои худидоракунї, муошират, тањлил ва бањодињиро ташаккул медињад.

Дар тадриси њама фанњо ин усулро истифода бурдан мумкин аст. Омўзгор метавонад як мутахассиси мањаллиро даъват намояд, то ў оид ба мавзўи омўхташаванда ба хонандагон маълумот дињад. Дар бораи касбу кор, ањаммияти њаётии мавзўъ ва

Page 22: ПАЁМИ АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ ТОЉИКИСТОН20Akademii/%D0... · МУНОСИБАТИ БОСАЛОЊИЯТ ДАР ТАЪЛИМ 4(25)- 2017 1 issn 2222-9809

22 ПАЁМИ АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ ТОЉИКИСТОН

роњњои истифодаи дониш дар зиндагии рўзмарра суњбат намояд. Њар як мутахассис метавонад роњњои амалисозии донишњоро дар њаёт бо мисоли мушаххас намоиш дода, дар бораи ањаммияти он дар љомеа маълумот дињад. Омўзиши мавзўъ дар њамкории мутахассис шавќу њавасро ба фан, мавзўъ ва интихоби касб зиёд намуда, њадафу мафњуми тањсилро барои хонандагон равшантар месозад. Педагогони бузурги муосир ба чунин хулоса омаданд, ки дар мењвари асосии таълиму тарбия худи хонанда мебошад. Дар ў бояд чунин мањоратњо, ба монанди: эљод кардан, кушодан, тадќиќ кардан, лоиња кашидан, васл кардан ва ѓайра ташаккул дода шаванд.

Вазифаи асосии «Педагогикаи иртиботї” ин муњайё сохтани шароити мусоид барои таълими босифат ва ташаккул додани салоњиятњои асосии хонандагон мебошад.

Аз ин рў ба фикри мо дар низоми таълими маорифи Љумњурии Тољикистон љорї намудани усули “Педагогикаи иртиботї” хеле муфид ва самаранок аст. Њадафи асосии ин усул аз он иборат аст, ки устодон тамоми раванди таълимии шогирдонро бо истифода аз имкониятњои мањали худ, талаботу неруи зењнии мањал бо назардошти зарурат ва ояндабинї дар доираи фарњанг ва ахлоќи миллї ташкил менамоянд,то ба таври мустаќил ва эљодкорона аз дониши худ истифода намуда, бо тањлил ва бањодињї омўзишро ба раванди тадќиќот ва давомдор табдил дињанд.

Омўзгорон ва сохторњои сатњи гуногуни маориф муътаќиданд, ки ин муваффаќиятњо бар инњо асос ёфтаанд:

дохилшавї ба донишгоњ; ѓолиби озмун; бањои аъло. Аз аќидаи маорифпарварони муосир чунин бар меояд, ки таълими ба

муносибати босалоњият нигаронидашуда, салоњиятњои барои њаёт муњим, ќобилияти шахсии ба талаботи замон тез мутобиќ шудани инсонро ба шакл медарорад.

Аз ин рў, омўзгор бояд донад, ки дар ин љода ду самт хеле муњимманд. 1.Дониши њаматарафа; 2. Рушди салоњиятњои хонандагон. Худи «Салоњият» бошад аз калимаи лотинї --«competere» гирифта шуда,

маънояш – мувофиќат намудан, љавобгў будан, яъне салоњият доштан аст. Дар забони адабии њозираи тољик вожаи «салоњият» иќтибос аз арабї буда, дар

«Фарњанги забони тољикї» ба маънои «ањл будан ё набудан дар коре, (ў дар ин кор салоњият надорад, яъне ў ањли ин кор нест); шоистагї, ќобилият, лаёќат; кордонї, ќодир будан ба иљрои коре;» шарњу тафсир ёфтааст.

Хулоса, дар замони имрўза бояд омўзгорон ба рушди салоњиятњои шахсии хонандагон диќќати љиддї дода, хонандагони доно, бомањорат ва бофарњангро тарбия намоянд, то ки аз илму техникаи њозира бохабар бошанд. Дар корњои љамъиятї фаъолона ширкат намуда,чун шахсони кордону бомаърифат дар инкишофи љомеаи шањрвандї ва баланд бардоштани сатњи зиндагии худ сањмгузор бошанд. Аз ин хотир, омўзгорони љавонро лозим аст, ки барои ноил шудан ба маќсадњои олї ва мувофиќсозии љараёни таълим бо њаёти воќеї аз имконоти «Педагогикаи иртиботї» самаранок истифода намоянд. АДАБИЁТ:

1. Дидактика средней школы. Под ред. М.Н.Скаткина. М., 1982; 2. Дюи Д., Психология и педагогика мышления. М., 1999; 3. Махмутов М.И., Организация проблемного обучения в школе. М., 1977; 4. Педагогика: Учебное пособие для студентов педагогических институтов.

Под ред. Ю.К.Бабанского. М., 1988; 5. Реан А.А., Бордовская Н.В., Розум С.Н. Психология и педагогика. СПб., 2002; 6. Харламов И.Ф. Педагогика. М., 2003;


Recommended